ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳама субъектҳои бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ 23 ҳазору 448 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ мебошанд. Дар ин хусус 12 феврал Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Рамазон Раҳимзода гуфт, ки ҷиноятҳои қаллобӣ соли 2025 нисбат ба соли 2024 афзоиш ёфтанд ва яке аз намудҳои нигаронкунандаи он қаллобӣ ба воситаи бонкҳо ва барномаҳои мобилӣ мебошад. Қаллобон бо истифода аз барномаҳо ва паёмакҳо ба шаҳрвандон дастрасӣ пайдо карда, маблағҳои онҳоро тасарруф менамоянд, ки ин ҳолат боиси ташвиш ва изтироби ҷомеа гардидааст.
Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки қаллобон одатан тавассути тамоси телефонӣ аз шаҳрвандон рамзҳои кортро мепурсанд. Ҳадафи онҳо ҷудо намудани маблағ аз суратҳисоби корти бонкӣ мебошад. Рамазон Раҳимзода ба шаҳрвандон муроҷиат карда, гуфт, ки ҳеҷ гоҳ рамзҳои кортҳои бонкӣ ва маълумоти бонкиро ба касе надиҳанд.
«Қаллобон барои ҷалби шаҳрвандон ба беҳтар намудани сифати интернет ва истифодаи шабакаи 5G ба онҳо паёмакҳо мефиристанд ва бо баҳонаи фаъолсозии хизматрасонӣ рамз талаб мекунанд. Ба чунин паёмакҳо бовар кардан мумкин нест, зеро онҳо барои тасарруфи маблағ сохта шудаанд», – изҳор дошт Рамазон Раҳимзода.
Иттилоъ дода шуд, ки қаллобон ҳатто дар телефони шаҳрвандон барномаҳои зараровар насб карда, бо ин роҳ маблағҳоро мегиранд. Ин барномаҳо метавонанд тавассути паёмакҳо ё пайвандҳо (ссылка) фиристода шуда, баъди пахш кардани онҳо вирус ба телефон ворид шуда, маълумоти шахсӣ ва ҳатто аксу видеоҳои шахсиро ба қаллобон мерасонанд.
Қаллобӣ аз номи бонкҳо ва мақомот
Қаллобон баъзан худро ҳамчун кормандони бонкҳо ё мақомоти давлатӣ муаррифӣ карда, паёмакҳои сохта (фишинг) мефиристанд. Онҳо бо ваъдаи ҷубронпулӣ, кумакпулии иҷтимоӣ, иловапулии нафақа ва ё дигар маблағҳо аз шаҳрвандон талаб мекунанд, ки барои гирифтани маблағ маълумоти шахсӣ, рақами корт ва рамзҳои махфиро пешниҳод кунанд. Пас аз гирифтани маълумот маблағҳо тасарруф карда мешаванд.
Дар ҳолатҳои дигар қаллобон аз номи дӯстону наздикон паём мефиристанд ва мегӯянд, ки гӯё шахс ба мушкилӣ дучор шудааст ва фавран ба кумак ниёз дорад. Онҳо талаб мекунанд, ки маблағ ба суратҳисоби муайян ё ба рақами телефон (ҳамёнҳои электронӣ) интиқол дода шавад.
Ҳатто қаллобон бо истифода аз овози сунъӣ (AI) овози шахси наздикро тақлид карда, бо таҳдид ва фиреб шахсро водор мекунанд, ки маблағро интиқол диҳад.
Роҳҳои маъмултарини тасарруфи маблағ
Бо пахш кардани паёмакҳои SMS ё паёмҳои онлайн бо матнҳои ҷолиб ё тарсанда (масалан: «маблағҳои шумо паҳн шуданд», «инро фавран бинед», «Шумо соҳиби маблағ шудед») ва пайвандҳо (ссылка) вирус ба телефон ворид шуда, маълумоти шахсӣ ва кортро мегирад.
Сомонаҳои сохта (фейк) бо номи порталҳои давлатӣ ё ширкатҳои мобилӣ ташкил карда шуда, барои пардохти кумакпулӣ маълумот талаб мекунанд.
Чӣ бояд кард, то пулҳо аз корти бонкӣ тасарруф нашаванд?
Вазорати корҳои дохилӣ барои пешгирии чунин ҳолат якчанд тавсияҳо пешниҳод намуд:
– маълумоти шахсӣ ва рамзҳои кортро ба ҳеҷ кас надиҳед;
– барномаҳо ва пайвандҳои номаълумро дар телефон насб накунед;
– ҳангоми дучор шудан ба кӯшиш ё тасарруфи маблағҳо фавран ба бонк занг зада, дархости бастани кортатонро намоед.
– Агар имкон бошад, дар ҳамёнҳои электронии худ маблағ нагузоред.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо бонкҳо ва ширкатҳои мобилӣ ҳамкорӣ дорад ва чораҳои заруриро амалӣ мекунад, аммо ин мушкилӣ танҳо дар Тоҷикистон нест, балки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Аз ин рӯ барои пешгирии чунин ҷиноятҳо бояд якҷоя кор карда, роҳҳои тасарруфро пешгирӣ намоем.
Номгӯи барномаҳои интернетие, ки аз ҷониби қаллобон истифода бурда мешаванд
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 номгӯй барномаҳои интернетиеро, ки аз ҷониби қаллобон истифода бурда мешаванд, номбар кард. Аз ҷумла, Фишинг, Смишинг, (СМС -фишинг), Вишинг (голосовой фишинг), Подмена домена, Поддельная техподдержка, Крипто – пирамиды, Срочно помоги, Лжетрейдинг, Трояны, Deepfake – звонки, Keyljgger, Ransomware, SIM – Swapping, Rug Pull, Wallter Draining, Click Fraud,Онлайн нотариус, Лже – турфирмы, Поддельные повестки, Подмена личност, Платные вакансии ва ғайра.
Агар ба шумо аз чунин номгӯйи барномаҳо паёмак ё пайванд (ссылка) фиристанд, онро накушоед ва талаботи он (аз ҷумла, бақайдгирӣ, фаъолсозӣ, фиристодани рамзҳо)-ро иҷро накунед.
Ҳангоме ки шахсони ношинос аз шумо аз номи бонк, мақомот ё наздиконатон бо баҳонаҳои «ҷубронпулӣ», «кумакпулӣ«, «фаъолсозии 5G» ва ғайра рамзи корт ва маълумоти бонкӣ талаб карданд, суҳбатро фавран қатъ намуда, ба касе ягон маълумоти махфӣ надиҳед, зеро қаллобон бо ин роҳ маблағҳоро тасарруф мекунанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






