ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш»-и Бохтар баргузор гардид, ки дар чемпионати Тоҷикистон медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросим ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода, муовини раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев иштирок карданд.
Дастаи «Вахш» дар Лигаи олии Тоҷикистон-2025 бо 45 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол кард. Даста дар 22 бозии мавсим 12 пирӯзӣ ба даст оварда, нуҳ мусовӣ ва як бохт ба қайд гирифт. Таносуби тӯбҳо 33-18 буда, баромади устувор ва боэътимоди дастаро дар мавсим тасдиқ кард.
Дастаи ҷавонони «Вахш» низ дар мавсими соли 2025 бозии шоиста нишон дод. Тими ҷавонони шаҳри Бохтар бо 43 имтиёз дар чемпионати Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ мақоми сеюмро касб намуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






