ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад

Февраль 18, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026», ки аз 19 то 23 феврал баргузор мешавад, ба шаҳри Минск сафар кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа ҳашт даста иштирок  мекунад. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Беларус (U-17), Минск (U-17) ва Қазоқистон (U-17) рақобат хоҳад кард.

Дар гурӯҳи «B» дастаҳои наврасони Беларус (U-16), Русия (U-17), Узбекистон (U-17) ва Озарбойҷон (U-17) иштирок менамоянд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа, дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳам дар як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ ба финал роҳ ёфта, тимое, ки ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои мақомҳои 5-6 ва 7-8-ум ҳам рақобатҳо баргузор мегарданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 18, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад