Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ тавассути зангҳои телефонӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба сокинон муроҷиат намуда, онҳоро ба эҳтиёткорӣ ва ҳушёрӣ даъват менамояд.
Тавре аз Хадамоти алоқа ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вақтҳои охир шахсони номаълум худро корманди бонк, оператори ширкатҳои мобилӣ ё шахси шинос муаррифӣ намуда, бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла «дар назди бонк қарз доред», «ҳисобатон баста мешавад», «қарз диҳед» ё «телефонатонро танзим мекунем» аз шаҳрвандон рамзи паёмак (SMS), рақами корти бонкӣ ва дигар маълумоти махфиро талаб мекунанд.
Инчунин баъзе қаллобон бо баҳонаи танзими шабакаҳои 4G ё 5G ба рақамҳои телефонҳои гуногун занг зада, кӯшиш менамоянд, ки маълумоти шахсӣ ё коди тасдиқӣ гиранд. Хадамоти алоқа ба самъи шаҳрвандон мерасонад, ки анҷом додани чунин танзимот аз масофа ғайриимкон буда, барои он ҳеҷ гоҳ коди махфӣ ё маълумоти корт талаб карда намешавад.
Бо гирифтани чунин маълумот қаллобон метавонанд ба кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилии шаҳрвандон дастрасӣ пайдо карда, маблағҳоро ғайриқонунӣ аз худ намоянд.
Хадамоти алоқа ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки рақамҳои расмии марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилиро дар хотир гиранд. Ширкатҳои мобилӣ танҳо аз рақамҳои кӯтоҳи расмӣ ё марказҳои тамос ба муштариён занг мезананд. Аз ҷумла;
– Tcell: 7070, 8080 ва 2000
– Babilon-M: 918-61-61-61 ва 2006
– ZET-Mobile: 800-800-800
– MegaFon: 007-700-500 ва 970-700-500
– MegaFon дар шаҳри Душанбе — 001-700-500
– MegaFon дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 004-700-500
– MegaFon дар вилояти Суғд — 002-700-500
– MegaFon дар вилояти Хатлон — 003-700-500
Ба иттилои Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқ (SMS-код), рақами пурраи корти бонкӣ ва CVV-код ва рамзи махфии барномаҳои мобилиро талаб намекунанд. Ба зангҳо ва паёмакҳои шубҳанок ҷавоб надиҳед ва истинодҳои (ссылка) шубҳанокро, аз ҷумла дар Telegram ва дигар месенҷерҳо накушоед, барномаҳои номаълумро насб накунед, телефонатонро ба шахсони бегона надиҳед. Агар ба шумо аз рақамҳои номаълум занг зада, чунин маълумот талаб намоянд, суҳбатро фавран қатъ намоед. Дар ҳамон ҳолат ба рақами расмии ширкати мобилӣ ё бонки худ мустақиман занг занед ва маълумотро санҷед.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии чунин ҳолатҳои қаллобӣ тадбирҳои зарурии ташкилӣ ва техникӣ андешида, ҳамкориро бо ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дахлдор тақвият мебахшад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






