ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рушди синамои миллӣ, дастоварду мушкилоти ин соҳа, истеҳсолу паҳн кардани филмҳои миллӣ, вазъи намоиши филмҳо дар мамлакат ва берун аз он, таъсири технологияҳои муосири рақамӣ ва зарурати дастгирии насли ҷавони эҷодкор аз ҷумлаи мавзуъҳои мубрами рӯз ба шумор мераванд, ки ҳоло дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи фарҳангию шаҳрвандӣ қарор дорад. Дар робита ба ин ва дигар паҳлуҳои рушди соҳа хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод мусоҳиба анҷом дод.
АМИТ «Ховар»: Синамо чист ва муҳим будани онро дар ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Сафар Ҳақдод: Синамо, пеш аз ҳама, ҳунар аст, зеро он тафаккур, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллатро таҷассум мекунад. Аммо дар айни замон мо бояд воқеъбин бошем, зеро он як соҳаи иқтисодӣ низ мебошад. Филм мол аст, моли маънавӣ. Он мисли ҳар маҳсулоти дигар истеҳсол мешавад, хароҷот дорад, заҳмати даҳҳо ва садҳо мутахассисро талаб мекунад ва табиист, ки бояд даромад орад.
Агар филм фоида наорад, студия наметавонад филми нав таҳия кунад. Яъне ин раванд ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мегардад. Аз ҳамин сабаб дар ҷаҳон студияҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият мекунанд, ки ҳадафи онҳо на танҳо эҷод, балки ташкили бозори устувори кино мебошад. Онҳо филм истеҳсол мекунанд ва ба тамошобин тавассути кинотеатрҳо, телевизион, платформаҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод мекунанд. Дар ин замина аз ин ҳисоб даври нави истеҳсолро таъмин менамоянд. Яъне филмҳои навро рӯйи пардаи синамо меоранд.
Мо низ бояд ҳамин мантиқро қабул кунем, ки синамо танҳо эҷоди филм нест, балки дорои низоми муназзами иқтисодӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»: Вазъи кинотеатрҳо ва намоиши филмҳои миллӣ имрӯз то куҷо қонеъкунанда аст?
Сафар Ҳақдод: Намоиши филм дар толори синамоӣ шакли классикии тамошои филм аст. Ин фарҳанги махсус дорад. Инсон бо оила ё дӯстонаш ба кинотеатр меравад, муҳити эҷодӣ ва фазои умумии ҷомеаро эҳсос мекунад. Дар аксари давлатҳои пешрафта кинотеатрҳо дар марказҳои бузурги савдо ҷойгиранд, зеро он ҷо муомилаю гардиши зиёди одамон вуҷуд дорад ва инфрасохтор рушд ёфтааст.
Мутаассифона, дар Тоҷикистон шумораи кинотеатрҳо хеле кам аст. Он чанд кинотеатре, ки фаъоланд, на ҳамеша имкони намоиши доимии филмҳои миллиро доранд. Ин ба бозори дохилии кино таъсири ҷиддӣ мерасонад. Вақте бозор хурд аст, харидору сармоягузор низ ба он камтар таваҷҷуҳ мекунанд. Барои рушди синамо мо бояд инфрасохтори намоишро тақвият диҳем. Зеро истеҳсол бе паҳн кардани маҳсули он маъно надорад.
АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, имрӯз аз ҷониби муассисаҳои синамоӣ платформаҳои онлайнӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъсис дода мешаванд. Ба назари Шумо онҳо ба рушди соҳа чӣ таъсир расонида метавонанд?
Сафар Ҳақдод: Бояд гуфт, ки то соли 2019 аксари филмҳои мо тавассути DVD ва кинотеатрҳо паҳн карда мешуданд. Аммо бо сар задани пандемияи COVID-19 ҷаҳон куллан тағйир ёфт. Мардум аз хона нишаста, филм тамошо мекард. Ҳатто фестивалҳои байналмилалӣ онлайн баргузор карда шуданд. Ин раванд нишон дод, ки кино дигар танҳо ба толори синамо вобаста нест.
Имрӯз платформаҳои ҷаҳонӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бозори бузурги паҳн кардани маҳсулоти видеоӣ табдил ёфтаанд. Масалан, «YouTube» ва «Instagram» имконият медиҳанд, ки эҷодкорон филми худро мустақиман ба миллионҳо тамошобин пешниҳод кунанд ва аз ҳисоби реклама даромад ба даст оранд.
Дар дунё беш аз 5 ҳазор кинофестивали ҷаҳонӣ аст, ки ҳамасола садҳояш аз байн мераванд ва ба ҷойи онҳо фестивалҳои нав ташкил карда мешаванд.
Аз ин рӯ яке аз роҳҳои рушди синамо таҳия кардани филмҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ба платформаҳои он ворид шудан аст. Аз ин рӯ мо имрӯз бояд филмҳои зиёдеро бо сифати баланд ва пурмазмун таҳия намуда, платформаҳои миллӣ ташкил кунем, то аҳли ҷомеа тавонанд аз онҳо филм тамошо кунанд ва ғизои маънавӣ бигиранд. Чаро мо ин корро намекунем? Чунки шумораи истеҳсоли кинои миллии мо ниҳоят кам аст.
АМИТ «Ховар»: Дӯстдорони синамои миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бар он назаранд, ки истеҳсоли филм дар мамлакат кам аст. Сабаб дар чист?
Сафар Ҳақдод: Бале, мушкилии асосӣ маҳз кам будани ҳаҷми истеҳсол аст. Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар як сол то 8 филми ҳунарӣ ва то 50 филми мустанад таҳия мекард. Имрӯз ин рақам тақрибан ба 4 филм баробар гардидааст, ки нигаронкунанда аст.
Истеҳсоли филми босифат маблағи зиёду вақти дарозро талаб мекунад. Барои сохтани як филм қариб як сол вақт зарур аст. Дар таҳияи он даҳҳо нафар коргардон, нависанда, наворбардор, рассом, тарроҳи либос, чеҳрапардоз, садобардор ва дигар мутахассисон иштирок мекунанд. Ин равандест, ки бе сармоягузории ҷиддӣ имконнопазир аст.
Агар мо хоҳем бозори миллӣ рушд кунад, бояд ҳаҷми истеҳсолро зиёд намоем. Барои зиёд намудани филми босифати диданӣ, албатта, маблағи кофӣ зарур аст. Вақте маҳсулот зиёд мешавад, рақобат низ ба вуҷуд меояд ва сифат боло меравад.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз филмҳои миллии мо то куҷо завқи тамошобинонро қонеъ карда метавонанд? Ва оё онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳастанд?
Сафар Ҳақдод: Дар ҳақиқат имрӯз мо сериали миллие надорем, ки тамоми Тоҷикистон онро ҳамарӯза тамошо кунад ва дар ҷомеа як муҳити умумии фарҳангӣ ба вуҷуд орад. Танҳо чанд лоиҳаи маҳдуд бо 4–5 қисм таҳия шудаанд. Аз ин рӯ шабакаҳои телевизионии мо филмҳои дар замони собиқ таҳияшуда ва дар хориҷи мамлакат истеҳсолшударо намоиш медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки шабакаҳои телевизионии мо ҳамарӯза ба филм ниёз доранд. Вақте маҳсулоти миллӣ намерасад, онҳо филмҳои хориҷиро дастрас ва дубляж мекунанд. Ҳатто барои дуляжи филмҳои хориҷӣ, ки дар он даҳҳо ҳунармандон нақш офаридаанд, шояд аз камбуд ё сарфаи маблағ садои як ё ду нафар ҳунарпешаҳои тоҷикро истифода мекунанд, ки ба сифати он таъсири манфӣ мерасонад.
Дар натиҷа қисми зиёди тамошобинон, аз ҷумла соҳибхоназанҳо дар шабакаҳо бештар ба тамошои силсилафилмҳои хориҷӣ рӯ меоранд. Агар мо силсилафилми босифат ва пурмазмуни миллӣ таҳия кунем, на танҳо бозори дохилӣ рушд мекунад, балки фарҳанги миллӣ низ тақвият меёбад.
АМИТ «Ховар»: Оид ба фаъолияти ҷавононе, ки имрӯз ба филмсозӣ рӯ овардаанд, чӣ назар доред? Филмҳои таҳиянамудаи онҳо оё ба талабот ҷавобгӯ ҳаст? Зеро аксаран филмҳои офаридаи баъзе аз ҳунармандону коргардонҳои ҷавонро интиқод мекунанд.
Сафар Ҳақдод: Ман ҳамеша мегӯям, ки ҷавононро бояд дастгирӣ кард, на танқиду инкор. Онҳо имрӯз филмҳои кӯтоҳ таҳия мекунанд ва аз ин таҷриба баҳра мегиранд. Албатта, дар кори онҳо камбудиҳо ҳаст, вале ин марҳилаи табиии рушд аст. Мо бояд асарҳои онҳоро нақди ҳирфаӣ кунем, на танқид.
Агар мо онҳоро руҳафтода кунем, соҳа аз кадрҳои оянда маҳрум мешавад. Баръакс, бояд ҳамкорӣ кунем, машварат диҳем, шароити омӯзиш фароҳам созем. Рушди синамои миллӣ бе насли нави эҷодкор имконнопазир аст.
Таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бархе шахсон ба филмҳои таҳиянамудаи коргардонҳои ҷавон эрод мегиранд. Қатъ кардани фаъолияти онҳо ва ё фақат танқид кардани онҳо роҳи ҳал нест. Ягона роҳи ҳал ин дастгирии онҳо мебошад.
АМИТ «Ховар»: Барои рушди устувори синамои тоҷик кадом корҳо бояд дар навбати аввал анҷом дода шавад?
Сафар Ҳақдод: Пеш аз ҳама, таҳияи барномаҳои дақиқи давлатӣ ва фароҳам овардани роҳҳои равшани амалӣ кардани онҳо муҳим аст. Ҷомеаи филмсозӣ бояд донад, ки барои барномаҳои синамоӣ чӣ қадар маблағ ҷудо мешавад ва он барои кадом ҳадафҳо пешбинӣ гардидааст. Дуюм- ҷалби сармоягузории хусусӣ ва таъсиси платформаҳои миллии рақамӣ зарур аст. Сеюм- мо бояд филмҳои сатҳи ҷаҳонӣ таҳия намуда, ба фестивалҳо ва бозорҳои байналмилалӣ ворид шавем.
Имрӯз талаботи тамошобин гуногун аст- бархе мехоҳанд дар кинотеатр филм бубинанд, қисме дар хона тавассути интернет. Муҳим он аст, ки филми миллӣ босифат, пурмазмун ва рақобатпазир бошад.
Синамо танҳо соҳаи фарҳанг нест, он неруи иқтисодӣ ва василаи муҳимми ташаккули тафаккури миллӣ аст. Агар мо истеҳсолро зиёд кунем, ҷавононро дастгирӣ намоем ва ба бозори ҷаҳонӣ ворид шавем, синамои тоҷик дар он метавонад ҷойгоҳи арзанда пайдо кунад.
Ҷомеа бояд дарк кунад, ки синамо моли боарзиш аст ва давлату ҳукумат пеши роҳи истеҳсоли онро нагирифтааст, бараъкс имконият фароҳам овардааст, ки ҳар касе ҳунар дорад, онро бо риояи меъёру қонунҳои амалкунандаи мамлакат амалӣ намояд.
Мусоҳиб Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






