Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоягузорӣ барои такмили заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ 19 феврал дар мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Сафир — Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, дар мулоқот иброз гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши таҳсилоти касбӣ солҳои охир густариш ёфта, якчанд барномаҳои муҳим дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил, мутобиқсозии стандартҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон амалӣ мегарданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосир рушди иқтисоди миллӣ бе омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таҷдиди барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири омӯзишӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд аҳамияти стратегӣ дорад.
Ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ибрози назар карданд. Таъкид шуд, ки барномаҳои ҳамкорӣ дар доираи ташаббусҳои минтақавӣ ва миллӣ имконият фароҳам меоранд, то муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, омӯзгорон аз машғулияти бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаранд. Дар ин замина масъалаи рушди таҳсилоти дуалӣ, ки ҳамгироии таълим бо таҷрибаи истеҳсолиро дар бар мегирад, аз мавзуъҳои муҳими мулоқот маҳсуб шуд.
Ҳамсуҳбатон масъалаҳои марбут ба рақамикунонии раванди таълим, таҳияи стандартҳои нави ихтисосҳо мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат, густариши табодули таҷриба байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳо байни муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусиро таъкид намуда, онро омили муҳими баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии хатмкунандагон арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки нав изҳори омодагӣ намуданд.
Баён гардид, ки таҳкими шарикии стратегӣ дар бахши таҳсилоти касбӣ ба рушди захираҳои инсонӣ ва болоравии сатҳи рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






