Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон шинос гардид

Февраль 18, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Ёвон бо ҳолати омодагии техникаҳои кишоварзӣ барои оғози кишту кори баҳорӣ ва дар деҳаи Қамбарии ноҳия бо ҷараёни истифодаи самараноки гармхонаҳо ва заминҳои кишоварзии хоҷагии деҳқонии «Қамбарӣ» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар «хати техникӣ» зиёда аз 130 техникаи гуногуни кишоварзӣ омодаи кор аст.

Зимни шиносоӣ бо хоҷагии деҳқонии «Қамбарӣ» иброз гардид, ки хоҷагӣ дорои 15 гектар замини кишоварзӣ буда, фаъолияти он ба парвариши зироати гуногун ва ниҳолҳои мевадиҳанда равона гардидааст. Дар гармхонаҳои хоҷагӣ ниҳолҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимӯ, афлесун ва мандарин шинонида шуда, барои парвариши босифат ва мутобиқ ба талаботи агротехникӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон бо корҳои анҷомёфта вобаста ба насби трансформатори қудратӣ бо иқтидори 141 000 кВА (141 МВА) дар зеристгоҳи барқии Ёвон 220/35/10-6 кВ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рафъи мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла пешгирии садамаҳои пайдарпай, бартараф намудани сарбории зиёдатӣ ва камбуди неруи барқ, инчунин посух додан ба муроҷиатҳои сокинон оид ба норасоии барқ аз ҷониби Шабакаҳои тақсимоти барқ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон як трансформатори нави қудратӣ бо иқтидори 141 000 кВА (141 МВА) харидорӣ ва насб карда шуд.

Лоиҳаи мазкур ба маблағи 19,8 миллион сомонӣ амалӣ мегардад. Дар натиҷа сарбории аз меъёр зиёди шабакаҳо коҳиш ёфта, норасоии неруи барқ дар ҳудуди зеристгоҳҳои марбута пурра бартараф хоҳад шуд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки таъминоти устувори неруи барқ барои аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин карда шавад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҳамзамон бо сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 шинос гардид. Лоиҳаҳои сохтмони 17 муассисаи таълимии дигар барои 10 ҳазору 580 ҷойи нишаст дар ду баст, ки дар ҳудуди ноҳия ба нақша гирифта шудаанд, муаррифӣ шуданд.

Бинои иловагии таълимӣ дар деҳаи Ғарави Ҷамоати деҳоти Даҳана тибқи лоиҳа сеошёна буда, аз 26 синфхона, толори маҷлис ва ошхона иборат мебошад. Иншоот барои фарогирии 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассиса бартараф мешавад.

Сохтмони бино бо саҳми аҳолии маҳал оғоз ёфта, дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум идома доранд. Арзиши умумии лоиҳа 15 миллион сомониро ташкил дода, то имрӯз ба маблағи 2 миллиону 717 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия бо корҳои дар коргоҳи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гаҷ» баанҷомрасида шинос шуд.

Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ ва бо маблағгузории 3 миллион сомонӣ таъсис ёфта, ба рушди бахши саноати масолеҳи сохтмонӣ дар ноҳия мусоидат менамояд. Тибқи маълумот, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 1,5 миллион дона хишти гаҷиро ташкил медиҳад. Он метавонад талаботи бозори маҳаллиро қонеъ намуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.

Иброз гардид, ки баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 18 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳоло васлу насби таҷҳизоти истеҳсолӣ ба анҷом расида, корҳои ободонӣ дар дохил ва атрофи коргоҳ идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Февраль 18, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид