Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд

Февраль 11, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 феврали соли 2026 бо ташаббуси Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия нахустин Конгресси байналмилалии идоракунии давлатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хизмати давлатӣ иттилоъ доданд.

Дар доираи чорабинии мазкур ва амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Нақшаи амал барои соли 2026 тасдиқ карда шуд.

Мувофиқи он хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид