НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ нахустин маротиба ду Шурои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъсис ёфт

Февраль 3, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 нахустин маротиба дар таърихи донишгоҳ  ду Шурои диссертатсионӣ аз рӯи самтҳои биология ва филология барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар назди донишгоҳ таъсис дода шуд, ки дастоварди  муҳимтарин маҳсуб мешавад. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Амид Комилбек зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 8 омузгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмӣ гардид. Маҷаллаи илмии донишгоҳ «Паёми Донишгоҳи давлатии Хоруғ» аз рӯи равияи илмҳои гуманитарӣ ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

«Барои таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор аз рӯи равияҳои омузгорӣ  9 нафар ба Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара, 14 нафар ба ноҳияи Рашт ва 8 нафар ба муассисаҳои томактабии ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ равон карда шуданд»,-иброз намуд Амид Комилбек.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2025 донишгоҳ ҳамчунин аз аттестатсияи давлатӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, муваффақона гузашта, соҳиби иҷозатномаи нав гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Февраль 3, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид