НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар неругоҳу марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 18 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» аз афзоиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон дар соли 2025 иттилоъ медиҳад.
Тавре директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода имрӯз, 3 феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, соли 2025 дар неругоҳҳо ва марказҳои истеҳсоли барқу гармии «Барқи Тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 18 миллиарду 269 миллион кВт-соатро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба нақша 673 миллион кВт-соат ё 104 фоиз ва нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 849 миллион кВт-соат зиёд буда, бо суръати афзоиш ба 105 фоиз баробар аст.
Гуфта шуд, ки неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 16 миллиарду 629 миллион кВт-соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 1 миллиарду 640 миллион кВт-соат истеҳсол карда шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки соли 2025 масрафи неруи барқ барои эҳтиёҷоти худи неругоҳҳо ва марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 260,5 миллион кВт-соат ё 1,43 фоизи барқи истеҳсолшуда баробар шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






