НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт 27 омузгор бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид

Февраль 3, 2026 11:40

РАШТ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар асоси муроҷиати омӯзгорони эҳтиёҷманд дар ноҳияи Рашт 27 омузгор бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид. Ҳамчунин ба омӯзгорон Саодат Кабутова ва Сайфиддин Қаҳҳоров, ки хонаҳои истиқоматияшон бар асари заминларза пурра аз байн рафта буд, бо дастгирию ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хонаҳои замонавӣ дода шуд. Бояд гуфт, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 омӯзгори ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Рашт фаъолият доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои онҳо шароити хуби зиндагӣ муҳайё намудааст. Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ хонаҳои омӯзгорон мавҷуданд, ки тарбиятгарони насли наврас дар онҳо бо ҷойи зист таъмин карда мешаванд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода баён намуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 коргоҳи истеҳсолию корхонаҳои саноатиро ба нақша гирифта буд. Ба ҳолати якуми декабри соли 2025 шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба 34 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 се коргоҳу корхона зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёд ва ба истифода додани 404 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 278 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар иншооти боқимонда сохтмону навсозӣ идома дошта, дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода мешаванд. Ба 404 иншооти нақшавӣ 66 иншоот дар соҳаи маориф, 17 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 13 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 38 иншоот дар соҳаи варзиш, 88 иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 32 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, 7 бинои маъмурӣ, 7 бинои истиқоматии баландошёна, 8 пули мошингузар, 38 иншооти обтаъминкунӣ, 4 иншоот дар соҳаи сайёҳӣ, 6 иншоот дар соҳаи барқтаъминкунӣ, 8 истгоҳ, 1 паноҳгоҳ, 7 ҳавзи моҳипарварӣ, ду гармхонаю сардхона, 2 ҳаммоми замонавӣ ва дигар иншооти гуногун дохил мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид