НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст

Февраль 12, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 502 ҳазору 366 сабт ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 12 ҳазору 470 ҳолат ё 3% зиёд мебошад. Ҳамзамон 8 ҳазору 535 ҳолати бекоршавии никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба 567 ҳолат кам мебошад. Дар ин хусус 12 феврал зимни нишасти матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иброз дошт, ки коҳиш ёфтани ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ нишонаи беҳтар гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва самаранокии тадбирҳои пешгирикунанда мебошад.

«Мо тамоми чораҳоро меандешем, ки маърифати ҳуқуқӣ ва шуурнокии аҳолӣ баланд бардошта шавад. Аз ҷумла, дар самти барпо намудани оила мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии сайёр фаъолият дорад, ки мутахассисони вазорат ба ноҳияҳои дурдаст сафар намуда, дар маҳалҳо ақди никоҳро ба қайд мегиранд ва ҳамзамон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ мемонанд. Дар масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон ва тарбияи фарзандон низ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешаванд», — иброз дошт вазир.

Вобаста ба рақамикунонии соҳа вазири адлия гуфт, ки акнун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавиро ба таври электронӣ ва бо истифода аз QR-рамз дастрас намоянд.

Мувофиқи тартиби нав, шаҳрвандон баъди гирифтани маълумотномаи вазъи оилавӣ аз бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо метавонанд барои тасдиқи аслияти он ба сомонаи расмии Вазорати адлия ворид шуда, дар равзанаи «Маълумотнома — тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ» маълумоти заруриро пур намоянд. Ариза тавассути ин сомона ба таври электронӣ ба вазорат ирсол мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд