НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд

Февраль 10, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 бо фармоиши дахлдор оид ба ҳалли мушкилоти ситониши маблағ ба манфиати давлат, пардохти маблағи алимент, татбиқи маҳдудияти қонунӣ нисбат ба қарздорон ва рӯёниши пардохти иҷро ва ҳалли ин масъалаҳо Ситоди махсуси назди сардори Хадамоти иҷро таъсис дода шуд. Дар он ҳар даҳ рӯз ин самтҳои фаъолият бо иштироки иҷрочиён мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иттилоъ дод.

Дар доираи ситод 108 ҳазору 580 истеҳсолоти иҷрои самти алимент мавриди таҳлил қарор гирифта, аз ин 18 ҳазору 770 истеҳсолоти иҷро бинобар ба синни балоғат расидани фарзандони ноболиғ, фавтидани қарздорон ё барқарор гардидани хоҷагии умумии тарафҳо қатъ карда шуд. Дар маҷмуъ 89 ҳазору 810 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент давра ба давра таъмин гардида, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак 179 миллиону 904 ҳазору 447 сомонӣ ситонида шудааст. Ин назар ба ҳамин давраи соли 2024 беш аз 147 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки бинобар саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 270 нафар қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. Нисбат ба 753 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷойи зист аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон карда шудааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд