НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд

Февраль 9, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 09.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили қонунгузории марбут ба ҳуқуқи кӯдак, бахусус бо назардошти принсипи манфиатҳои беҳтарини кӯдак пайваста тадбир меандешад. Соли 2025 ба моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он ҳама гуна таҳдид ва зӯроварӣ нисбат ба кӯдак манъ аст. Дар ин хусус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. 

Умед Бобозода гуфт, ки соли 2024 бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар назди мақомот гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба танзими тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳо ба манфиати кӯдакон равона гардид. Ин тартиб қабул гардида, ба дигар вазорату идораҳо низ барои татбиқ тавсия дода шуд.

Дар ин замина зарурати ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ ба миён омада, ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» тағйироте ворид карда шуданд, ки мустақиман ба ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани ақидаи худ ва муроҷиат намудан дахл доранд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ шарҳ дода шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» яке аз қонунҳои бештар такмилёбанда ба ҳисоб меравад. Танҳо соли 2025 ба ин қонун се тағйирот ворид карда шуд.

Таъкид шуд, ки ин тағйирот, пеш аз ҳама, ба ҳифзи иҷтимоии кӯдакони ятим ва кӯдакони маъюб равона гардида, инчунин дар он тағйироти ҷиддӣ марбут ба пешгирии зарари иттилоот ба саломатӣ ва рушди кӯдак пешбинӣ карда шудаанд.

«Дар қонун моддаи махсус пешниҳод гардидааст, ки барои ҳамкории тамоми ҷонибҳои манфиатдор бобати пешгирии паҳншавии иттилооте, ки ба саломатӣ, рушд ва некӯаҳволии кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад», – баён гардид дар нишасти матбуотӣ.

Бояд гуфт, ки фаъолияти механизмҳои миллӣ ё субъектони ҳифзи ҳуқуқи кӯдак сол то сол таҳким ёфта, ба татбиқи сиёсати давлатӣ, муқаррароти қонунгузорӣ, амалисозии барномаҳои стратегӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва дар маҷмуъ ба ҳалли мушкилот дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мусоидат менамоянд. Дар ин робита дар мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ сохторҳои алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолият ва доираи салоҳияту ваколатҳои онҳо тасдиқ гардидаанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд