НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 зиёда аз 3 ҳазор номгӯй нақшаи таълимии ихтисосҳои зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия, тасдиқ ва дастраси литсейҳо гардонида шуд. Инчунин дар доираи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» 36 нақшаи намунавии таълимии модулӣ ва барномаи таълимии модулӣ барои ихтисосҳои таҳсили яксола ва машғулияти кӯтоҳмуддат таҳия ва тасдиқ карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки 355 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати марказҳои шуғли фосилавии назди литсейҳои касбии техникии нақлиёти автомобилӣ ва алоқаи шаҳри Душанбе, шаҳри Бохтар ва ноҳияи Шуғнонро хатм намуданд. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки шаҳрвандонро ба машғулияти кӯтоҳмуддат фаро мегиранд, 2020 шаҳрванд соҳибкасб гардида, ҳоло 1824 нафар таҳсил доранд. Дар маҷмуъ, соли 2025 14 ҳазору 528 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 6207 нафар зиёд мебошад.
«Дар назди кумита Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал менамояд. Ҳадаф ва вазифаи ин лоиҳа беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани нуфуз ва сифати таҳсилоти касбӣ ва омӯзиш, паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занон дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ба шумор меравад»,-таъкид намуд раиси кумита.
Литсейҳои касбии техникӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва дарсҳои таълими истеҳсолӣ бо 562 ташкилоту корхонаи соҳавӣ шарномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд. Соли 2025 литсейҳои касбии техникӣ 6409 китоби дарсии фанҳои умумитаълимӣ ва 1639 китоби дарсии тахассусӣ харида, хонандагон бо китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ пурра таъмин мебошанд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки аз 534 хатмкунанда 304 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардида, нисбат ба 72 нафаре, ки бе сабаби узрнок ба кор ҳозир нашуданд, аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ тадбир андешида шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад






