НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ихтисоси нав таъсис ёфт

Февраль 2, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар донишгоҳ 15 ихтисоси нав таъсис дода шуда, нақшаи нави таълим ва барномаҳои нави таҳсилотии ба талаботи стандартҳои замони муосир ҷавобгӯ таҳия гардид, ки ҳоло мавриди амал қарор доранд. Дар ин хусус имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бобоҷон Сатторзода иброз дошт, ки дар айни замон дар донишгоҳ 7 факултет, 21 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намуда, аз рӯйи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, андоз, бонкдорӣ, иқтисод, технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ омода менамоянд.

Масъалаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон мавриди назари доимии раёсати донишгоҳ қарор дошта, ҳамасола аз 60 то 65 фоизи онҳо бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

«Соли 2025 дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён 18 донишҷӯ ба Русия, Беларус ва Қазоқистон барои таҳсил равона карда шуданд. Дар айни замон дар донишгоҳ 140 донишҷӯ аз Узбекистон, Қазоқистон, Чин ва Русия таҳсил менамоянд»,-гуфт ректори донишгоҳ.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 2, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид