НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 5 миллиарду 682,0 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 миллиарду 4,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории пардохти нафақа ба андозаи 5 миллиарду 162,2 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2024 869 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи умумии нафақагирон 877 ҳазору 206 нафарро ташкил дод. Шумораи умумии нафақагирони маъюб 172 ҳазору 538 ҳазор нафар мебошад. Аз ҷумла,
— гурӯҳи якум – 18 ҳазору 422 нафар;
— гурӯҳи дуюм – 85 ҳазору 221 нафар;
— гурӯҳи сеюм – 33 ҳазору 514 нафар;
— маъюбони аз синни кӯдакӣ то 18-солагӣ- 25 ҳазору 381;
— шумораи кӯдакони ятими кулл – 1082 нафар;
— шумораи кӯдакони нимятим – 72 ҳазору 205 нафар;
— шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон – 13 нафар;
— шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ – 79 нафар.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешавад. Дар ин модда омадааст, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид






