НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт

Февраль 2, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба соли 2024  138 ҳолат кам мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии  Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ин шумора вобаста ба 1268 ҳолат ҷазо таъйин гардида, 29 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда шуд. Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 7 миллиону 028 ҳазору 808 сомонӣ рӯёнида шуд.

Иброз гардид, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ 112 ҳазору 946 маърака ва маросим ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024   1907 маъракаю маросим кам мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, шарҳу тавзеҳи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, риояи меъёрҳои муқарраргардидаи қонун ва таъмини иҷрои якхелаи он дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 11 ҳазору 694 суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Соли 2025 табибони тоҷик беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола вусъат меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд