ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 14 феврал дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водию доманакӯҳ бориши борон дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ барф меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ағбаҳо бориши барф пешгӯӣ шуда, шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ мушкилшавии ҳаракати нақлиёт дар назар буда, барфи бодовард ва бадшавии дурии биниш пешгӯӣ карда мешавад.
Дар ин рӯзҳои номусоиди ҳаво дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе – Чанок (километрҳои 48–74), бахусус дар минтақаҳои тармафарои Майхура, Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад.
Бо сабаби вазъи номусоиди ҳаво ба шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётӣ тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд. Ба масъулини соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки дар ин маврид тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид






