Олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Кувайт соҳиби 10 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 11 феврал ҳайати олимон ва муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 16-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна, ки дар Давлати Кувайт баргузор гардид, фаъолона иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, аз байни олимон ва муҳаққиқони тоҷик се нафар ба дарёфти медалҳои тилло, се нафар ба медалҳои нуқра ва чор нафар ба медалҳои биринҷӣ сазовор гардид, ки дастоварди назарраси илми ватанӣ ба шумор меравад.
Дар маросими ҷоизасупорӣ вазири маорифи Давлати Кувайт доктор Ҷалол ат-Табтабаӣ, роҳбари корпуси дипломатӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, инчунин аъзои корпуси дипломатӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шумораи зиёди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кувайтӣ иштирок доштанд.
Бояд таъкид намуд, ки омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар муаррифӣ ва таҳкими нуфузи илми миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт


















РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






