Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони Гурҷистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Парлумони Гурҷистон Шалва Папуашвили баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои рушди равобити дуҷонибаи байнипарлумонӣ, баланд бардоштани нақши парламентҳо дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, инчунин густариши ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин барои фаъолгардонии ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду мамлакат ва таҳияи ташаббусҳои ҳамоҳангшуда, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонӣ равона шудаанд, изҳори омодагӣ карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд






