Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Президенти федеролии Олмон иштирок намуд

Февраль 12, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар шаҳри Берлин  дар ҳошияи нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер бо роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар оғози мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти федеролии Олмон расонид.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Франк-Валтер Штайнмайер аз раванди густариши равобити гуногунҷанба байни Тоҷикистону Олмон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагӣ ва рағбати тарафҳоро ба рушди бештари муносибатҳои мутақобили судманд таъкид карданд.

Бо қаноатмандӣ иброз шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон дар тамоми арсаҳо ҳамвора ва ҳадафмандона густариш меёбанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 12, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд