Сироҷиддин Муҳриддин ва Йоҳанн Вадефул ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Йоҳанн Вадефул дар шаҳри Берлин баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва илмию фарҳангӣ, инчунин ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазирони корҳои хориҷӣ ба тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзори мавҷудаи ҳамкорӣ тамаркуз намуда, барои татбиқи иқдоми муштараки баъдӣ изҳори мувофиқат карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд






