Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар хориҷи мамлакат дар доираи чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ба таври густурда муаррифӣ гардиданд. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки соли 2025 Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ва ташвиқу тарғиби ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон шудани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон: навоварӣ дар идоракунии об ва мониторинги пиряхҳо» конфронси миллӣ баргузор намуд.
Ҳамчунин вазорат дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 29-31 майи соли 2025 дар якҷоягӣ бо шарикони рушд дар мавзуъҳои «Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории захираҳои об ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаҳои вобаста ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ» ва «Дар самти идоракунии устувори об дар Осиёи Марказӣ: Нақши мониторинги криосфера дар қабули қарорҳо оид ба тақсимоти об» форумҳо доир намуд.
Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии ин конфронс вазорат дар якҷоягӣ бо ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва ҶСК «НБО-и Роғун» таҳти унвони «Энергияи сабзи устувори Тоҷикистон» ғурфаи Тоҷикистонро ташкил намуд. Дар он иқтидори обию энергетикии Тоҷикистон, сиёсати мамлакат дар самти энергияи барқароршаванда ва нақши муҳими он дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ташвиқу тарғиб гардиданд.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Ҳафтаи ҷаҳонии об, ки аз 24 то 28 августи соли 2025 дар шаҳри Стокҳолми Шоҳигарии Шветсия баргузор шуд, гӯша таъсис дода, сиёсати хориҷии мамлакатро дар самтҳои обу иқлим, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, инчунин ҳадаф ва вазифаҳои Конфронси чоруми байналмилалии Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба иштирокдорони Ҳафтаи ҷаҳонии об муаррифӣ намуд. Ҳамзамон бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Об ва офатҳо: аз пирях то баҳр» ҷаласаи сатҳи баланд баргузор гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд






