ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимияти масъалаи таълиму тарбияро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дарк намуда, ҳамеша онро дар мадди назар қарор додааст. Дар ин радиф аз суханони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (ҳоло «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак») изҳор дошта буданд, ки «фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».
— Дар робита ба ин мавзуъ муовини якуми сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки имрӯз вазъи ҷинояткории наврасону ҷавонон дар ҷомеа нигаронкунанда боқӣ мондааст. Зеро фазои иҷтимоӣ, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ фарогири зеҳну шуури наврасону ҷавонон гардидаанд. Ин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон набуда, дар аксар кишварҳои ҷаҳон низ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ ҷомеаро мебояд, ки нисбат ба тақдири ин қишри ҷомеа бетараф набошад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир дар мамлакат аз ҷониби наврасону ҷавонон ҷинояткорӣ зиёд ба назар мерасад. Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки сабабу омилҳои даст задани наврасону ҷавонон ба ҷиноят гуногун мебошад. Ба андешаи ӯ, дар бештари ҳолатҳо таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ, бемасъулиятии баъзе волидайн ва муҳити номуносиби дӯстон нақши асосӣ доранд.
Умарҷони Эмомалӣ мегӯяд, ки ҳарчанд дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал мекунад, аммо ҳолатҳои бетарафӣ ва бепарвоии волидайн ҳанӯз ҳам зиёд ба назар мерасанд.
Муовини якуми сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби ноболиғон 715 ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба соли 2024 41 ҳолат зиёд мебошад. Дар умум аз ҷониби 842 ноболиғ ҷиноят содир шудааст, ки аз ин шумора 809 нафарро писарон ва 33 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии ин ҷинояткорон 273 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нафарро хонандагони муассисаҳои махсус, 2 нафарро хонандагоне, ки маълумоти олӣ доранд ва 565 нафарро ноболиғоне ташкил медиҳанд, ки ба ягон кор ва шуғл машғул нестанд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ҷинояти асосие, ки аз ҷониби ноболиғон содир карда мешавад, аслан дуздӣ аст. Соли 2025 353 ҳолати дуздии ноболиғон ошкор карда шуд.
«Ин шумора бо назардошти он оварда шудааст, ки нисбат ба наврасону ҷавононе, ки дар ҳолати камдонишӣ ва марҳилаи гузариш қарор доранд, бисёр вақт принсипи гуманизм риоя карда мешавад. Яъне дар бисёр ҳолатҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро ҳамчун ҷинояткор ба қайд намегиранд, балки бо онҳо суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд. Аммо онҳое, ки аз меъёр мегузаранд ва ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, тибқи тартиби муқарраргардида ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», – мегӯяд Умарҷони Эмомалӣ.
Ҳамсуҳбати мо бо нигаронӣ иброз дошт, ки бо вуҷуди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ва муваззаф гардидани 16 субъекти давлатӣ барои фаъолият дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон иҷрои ин вазифаҳо на ҳамеша дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҳолати фаъолияти худро ба таври дахлдор ва ҳамоҳанг ба роҳ мондани ҳамаи ин субъектҳо натиҷаҳои мусбат ба даст меоянд.
«Агар ҳар аъзои ҷомеа дар ин самт нақши худро дуруст иҷро намояд, мушкилот тадриҷан коҳиш меёбад. Аммо, мутаассифона, на ҳама қишрҳои ҷомеа масъулияти худро дар ин самт пурра иҷро мекунанд», – андеша дорад Умарҷони Эмомалӣ.
Ба андешаи омӯзгори Муассисаи давлатии Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Рухшона Икромова, имрӯз бархе аз волидайн чунин тасаввур доранд, ки таълиму тарбияи фарзанд танҳо вазифаи мактаб аст. Ин андешаи комилан нодуруст аст, зеро мактаб танҳо як бахши раванди тарбия мебошад. Асоси он бояд дар муҳити оила гузошта шавад. Вақте кӯдак аз хона бе тарбияи ибтидоӣ ва бе дастгирии равонии волидайн ба мактаб меояд, омӯзгор наметавонад дар танҳоӣ масъулияти пурраи тарбияро бар дӯш гирад.
Ба андешаи ин омӯзгор, ҳолатҳои зиёде ба мушоҳида мерасанд, ки хонандагон бе омодагӣ ба дарс ҳозир мешаванд, вазифаи хонагиро иҷро намекунанд, ки сабаби ин, албатта, беназоратии бархе падару модарон аст.
«Ман ҳамчун омӯзгор аз таҷрибаи худ мегӯям, ки мутаассифона, баъзе волидайни хонандагоне ҳастанд, ки бо муассиса ҳамкории хуб надоранд. Яъне онҳо аз сатҳи дониш ва ахлоқи фарзандонашон дар муассиса кам мепурсанд. Ҳато дар маҷлисҳои синфӣ ва умумимактабӣ иштирок намукунанд. Агар падару модар бо мактаб робитаи доимӣ дошта бошад, фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ хонанда бадахлоқу бедониш намешавад. Танҳо бо ҳамкории зичи оила ва мактаб метавон муҳити солими таълиму тарбияро фароҳам овард ва сатҳи донишу тарбияи хонандагонро беҳтар намуд», – чунин андеша дорад ин омӯзгор.
Сарвари давлат пайваста дар суханрониҳояшон таъкид менмоянд, ки падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст нисбат ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ки «мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Равоншинос Маҳбуба Азимова мегӯяд, ки яке аз сабабҳои асосии даст задани наврасону ҷавонон ба ҷиноят он аст, ки бисёр падару модарон бо фарзандони худ суҳбати озод намекунанд. Вақте волидайн аз аҳвол, фикру андеша ва мушкилоти фарзандон хабар намегиранд, назорат суст мешавад ва пеши роҳи чунин рафторро гирифтан хеле душвор мегардад. Ҳангоме ки сухани кӯдак дар хона шунида намешавад, он кӯдак барои худ муҳити дигар меҷӯяд.
«Муоширати самимӣ дар оила нақши калидӣ дорад. Беҳуда нест, ки калонсолони мо дар гузашта ба тарзи мисол мегуфтанд: « … ҷавон бо падараш мисли бародар аст» ё «… духтар бо модараш мисли дугона суҳбат мекунад». Дар чунин оилаҳо кӯдак бе тарс ҳар мушкили худро мегӯяд, маслиҳат мегирад ва эҳсос мекунад, ки танҳо нест», – изҳор медорад Маҳбуба Азимова.
Ба андешаи равоншинос, маҳз ҳамин гуна муносибати гарм ва боваринок метавонад бисёр ҷиноятҳо ва рафторҳои нодурустро пешгирӣ намояд. Агар волидайн бештар бо фарзандон суҳбат кунанд, дар куҷо вақт гузаронидани онҳоро донанд, дӯстону муҳити онҳоро бишносанд, наврасон ба роҳҳои нодуруст камтар мераванд.
Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар самти ҷинояткории наврасону ҷавонон ва оворагардии онҳо- ин фаъолияти марказҳои дилхушӣ, аз ҷумла бозиҳои компютерӣ мебошад. Гарчанде хатари чунин марказҳо ба насли наврас сол то сол бештар мегардад, аммо онҳо то ҳол фаъолият доранд.
Дар робита ба ин Умарҷони Эмомалӣ иброз намуд, ки марказҳои дилхушӣ барои машғул гардидани наврасону ҷавонон ба бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, фаҳш, террористӣ ва экстремистӣ пешбинӣ нашудаанд, балки ҳадафи онҳо истифодаи дурусти технологияҳо ва сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ҳарчанд ин марказҳо дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, вале аз чаҳорчӯби қонун берун фаъолият мекунанд. Ба андешаи ӯ, пурра қатъ кардани фаъолияти ин марказҳо имконнопазир аст, балки онҳо бояд ба таври қатъӣ назорат карда шаванд. Дар ин марказҳо бояд бозиҳое пешниҳод гарданд, ки ба руҳу равони наврасону ҷавонон таъсири манфӣ нарасонанд. Машғул шудан ба футбол, волейбол, шоҳмот ва дигар бозиҳои зеҳнӣ метавонад ҷойгузини муносиб бошад.
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир дар марказҳои компютерӣ ҳолатҳои нохуш ва ҷинояткории наврасону ҷавонон бештар ба қайд гирифта мешаванд, ки ин ҳолат дар ҷомеа боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Дар ҳамин замина дар Вазорати корҳои дохилӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки барои пешгирии машғулшавии ноболиғон ба чунин бозиҳо ба таври шабонарӯзӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳад.
«Ҳангоми санҷишҳо ҳолатҳое ошкор гардиданд, ки мактаббачаҳо то соатҳои дер ва ҳатто бо либос ва лавозимоти дарсӣ дар марказҳои компютерӣ қарор доранд. Ҳангоми суҳбат бо чунин наврасону ҷавонон дар марказҳои компютерӣ ба волидайни онҳо занг зада, пурсон шудем, ки соат 9-10 шаб шудааст, фарзандатон дар куҷо аст? Яке мегӯяд ба мағоза равон кардам, дигаре иброз медорад, ки ба берун баромадааст, сеюмин ҳатто намедонад ки фарзандаш дар куҷо ва ба чӣ кор машғул аст», — иброз дошт Умарҷони Эмомалӣ.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки падару модарони зиёде ҳастанд, ки фарзандонашонро дуруст тарбия намуда, имрӯз онҳо дар пешрафти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Инчунин дар ин баробар модароне ҳастанд ва ба мо муроҷиат мекунанд, ки аз уҳдаи тарбияи фарзанд намебароянд. Худи онҳо иқрор мешаванд, ки барои ба роҳи дуруст тарбия намудани фарзандҳояшон кӯшиш мекунанд, аммо кӯшиши онҳо бе натиҷа мемонад.
«Дар робита ба ин мо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудем, ки шумораи марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ-тарбиявии махсус зиёд карда шавад. Зеро дар айни замон дар мамлакат танҳо дар шаҳри Душанбе як мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунад. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чунин муассисаҳо вуҷуд надоранд», – иброз дошт Умарҷони Эмомалӣ.
Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки имрӯз аксари маводи иттилоотӣ маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегардад ва таъсири манфӣ низ асосан аз ҳамин фосила ба наврасону ҷавонон мерасад. Дар чунин шароит масъулин, ниҳодҳои дахлдор ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки онҳо низ аз имконияти ҳамин шабакаҳо самаранок истифода бурда, наврасону ҷавононро бо суханони нек, наворҳои маърифатию ахлоқӣ тарбия ва роҳнамоӣ намоянд. Зеро ҷомеаи муосир ва талаботи замон чунин муносибатро тақозо мекунад.
Хулоса ҳолати ҷинояткории наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар ин маврид коршиносон бар он назаранд, ки қонунҳои амалкунанда ва иқдоми давлатӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва тарбияи ноболиғон муҳим мебошанд. Вале мутаассифона, онҳо пурра иҷро намегарданд. Муҳим он аст, ки оила, мактаб ва ҷомеа барои тарбияи ахлоқию маърифатӣ ва назорату роҳнамоии наврасону ҷавонон якҷоя ва фаъолона амал кунанд. Самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва марказҳои дилхушӣ низ метавонад ба коҳиши рафторҳои манфӣ ва рушди солими насли наврас мусоидат кунад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд






