Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид

Февраль 13, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Узбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов дар шаҳри Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки бо ташаббус ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла энергетика бо суръат рушд карда, тавсеа меёбанд.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, ҳамоҳангсозии содирот ва воридоти неруи барқ, махсусан дар давраи тирамоҳу зимистон баррасӣ гардид.

‎Дар анҷом ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бародарона ва стратегӣ ба нафъи мардумони ҳарду давлат изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид