Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад

Февраль 18, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Густариши ҳамкории Тоҷикистон  бо Бонки Осиёии Рушд дар  соҳаи гумрук дар мулоқоти  муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Хуршед Шерализода бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии Анҷум Исрар дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории мутақобили судманд бо Бонки Осиёии Рушд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хадамоти гумрук ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, такмили низомҳои автоматикунонидаи барасмиятдарории гумрукӣ, содагардонӣ ва тезонидани расмиёти тиҷоратӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ, инчунин мутобиқсозии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Ҳамзамон масъалаҳои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ бо мақомоти гумрукии дигар давлатҳо ва созмонҳои  байналмилалӣ бо мақсади табодули таҷриба, татбиқи таҷрибаҳои пешқадам ва баланд бардоштани иқтидори касбӣ, инчунин устувории инфрасохтори гумрукӣ дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.

Намояндагони Хадамоти гумрук оид ба корҳои анҷомдода ва нақшаҳои минбаъда дар самти рақамикунонӣ, такмили расмиёти гумрукӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар анҷом ҷонибҳо аҳаммияти идомаи ҳамкории судмандро таъкид намуда, омодагиро барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак бо назардошти манфиатҳои миллӣ иброз доштанд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Февраль 18, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад