Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар соҳаи гумрук дар мулоқоти муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии Анҷум Исрар дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории мутақобили судманд бо Бонки Осиёии Рушд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хадамоти гумрук ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, такмили низомҳои автоматикунонидаи барасмиятдарории гумрукӣ, содагардонӣ ва тезонидани расмиёти тиҷоратӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ, инчунин мутобиқсозии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Ҳамзамон масъалаҳои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ бо мақомоти гумрукии дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади табодули таҷриба, татбиқи таҷрибаҳои пешқадам ва баланд бардоштани иқтидори касбӣ, инчунин устувории инфрасохтори гумрукӣ дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.
Намояндагони Хадамоти гумрук оид ба корҳои анҷомдода ва нақшаҳои минбаъда дар самти рақамикунонӣ, такмили расмиёти гумрукӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар анҷом ҷонибҳо аҳаммияти идомаи ҳамкории судмандро таъкид намуда, омодагиро барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак бо назардошти манфиатҳои миллӣ иброз доштанд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид






