Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин масъала дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Томир Фатҳӣ Абдуссалом Ҳаммод баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноатро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли маводи озуқаворӣ ва мошинсозӣ равона гардид.
Гуфта шуд, ки истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, мубодилаи таҷриба ва ҷалби технологияҳои муосир метавонанд барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ташаббусҳои нави саноатӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории амалӣ ва идомаи муколамаи созанда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






