Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ соли 2025 ба андозаи 15,4 фоиз устувор гардид. Дар ин хусус Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки соли 2025 Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома дод.
Таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба доллари амрикоӣ тағйир ёфтааст. Аз ҷумла, қурби рубли Федератсияи Русия 23,07 фоиз, рубли Беларус- 16,43 фоиз, суми Узбекистон- 6,93 фоиз, тангаи Қазоқистон- 4,01 фоиз ва юани Чин 2,22 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 21,49 фоиз ва соми Қирғизистон 0,48 фоиз нисбат ба доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд






