«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд

Февраль 16, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор мешавад.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун аз моҳи март то моҳи апрел дар се давр ва аз рӯи 8 номинатсия гузаронида мешавад.

Даври якуми фестивал – озмун ва намоиш – фурӯш аз 9 то 21 март дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, гулдӯз, зардӯз, порадӯз, читгар, атласу адрасбоф, гулбасту алочабоф, гардбоф, тоқидӯзу рӯймолбанд, ҷӯроббоф, шерозбоф ва ресмонбоф гузаронида мешавад.

Даври дуюм дар caтҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29 март то 10 апрел баргузор мегардад.

Даври сеюм маросими ҷоизасупорӣ  буда, дар назар аст, ки 28 апрел дар шаҳри Душанбе бо намоиши маҳсули ҳунарии тарроҳону ҳунармандонӣ минтақаҳо, ғолибони даври дуюм бо барномаи фарҳангӣ ва мукофотсупорӣ ба ғолибону иштирокчиёни фаъол доир гардад.

Тибқи низомномаи озмун, дар ду давр ҳар як минтақа намудҳои либосро дар матоъҳои гуногуни ватанӣ, тарҳи онҳо, истеъдоди чеварону тарроҳон, нақши либос ва шинаму зебо дӯхтани либос ба намоиш – фурӯш мегузорад.

Дар даври ҷумҳуриявии фестивал – озмун ва намоиш – фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ ҳунармандону чакандӯзон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, имкон пайдо мекунанд, ки ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намоянд.

Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал – озмун аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимаи маҳал,  либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, беҳтарин либоси миллии атласу адрас, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ, гӯлдӯзӣ, зардӯзӣ порадӯзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча,  гардӣ, тоқиву ҷӯроб, шероз ва ресмонбофӣ, беҳтарин қаламкаш, беҳтарин навори видеоӣ (ролик аз фаъолияти тарроҳ-ҳунарманд, ки дар фестивал озмун иштирок мекунад), гузаронида мешавад.

Мақсади асосии баргузории фестивал – озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ ва суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни ватанӣ яке аз ҳадафҳои дигари фестивал – озмун ва намоиш – фурӯш мебошад.

Баргузории фестивал – озмун яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ буда, ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ равона гардидааст.

Фестивал – озмун имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди истифода қарор гиранд.

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин фестивал – озмун ва намоиш – фурӯш Кумитаи кор бо занон ва оила, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, маориф ва илм, иттифоқҳои ҳунармандон, дизайнерон, рассомон, «Тоҷикматлубот», кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат муваззаф гардидаанд.

Иштирокчиёни фестивал-озмун аз чониби кумитаи тадорукот бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон