25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 24.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва вилоят ҷамъбаст мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ то 1 апрел ғолибонро дар асоси санад, протокол, навори видеоӣ ва албом бо маълумотнома ба комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Дар минтақаҳои кӯҳие, ки бо сабаби номусоид будани ҳаво гулшинонӣ аз моҳи май шуруъ мешавад, фестивал дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст мегардад.
Ғолибони фестивал аз рӯйи номинатсияҳои гулпарвар, гулгашт ва хиёбон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, деҳа, маҳалла, ҷамоати деҳот, ҷамоати шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилояти беҳтарин муайян карда мешаванд.
Меъёрҳои муайян намудани ғолибони Фестивали гулҳо мувофиқи нишондодҳои низомнома шумораи гулзор, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсия ва дизайни ҷолиб, сифати корҳои иҷрошуда, симо ва сифати роҳравҳои мавҷуда, будани ҷойҳои нишаст, ҳолати ободонӣ ва нигоҳубин ва таъминот бо оби полезиро дар бар мегиранд.
Фестивали «Сайри гули лола» аз соли 2019 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон ва тозагии муҳити зист баргузор мегардад.
Барои баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» Кумитаи рушди маҳал, вазоратҳои кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон вазифадор гардидаанд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, бо мақсади баргузории фестивал ва ба шаҳри «сабз» табдил додани пойтахт дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонӣ- тирамоҳи соли 2025 ва баҳори 2026 дар ҳудуди пойтахт 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида шуд.
Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонии миллати тоҷик ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.
Ёдрас мешавем, ки баргузории даври сеюми фестивал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маросими мукофотондани ғолибони он 25 апрел дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»






