Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати Тоҷикистон аз ҳунармандони ҷавону боистеъдод иборат мебошад, ки онҳо дар як қатор номинатсияҳои гуногуни санъат иштирок менамоянд. Аз ҷумла иштирокчиён дар бахшҳои созҳои халқӣ, фортепиано, сурудхонии халқӣ, сурудхонии эстрадӣ, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои бадеии мардумӣ маҳорати худро нишон медиҳанд.
Бозиҳои Делфӣ яке аз бузургтарин платформаҳои байналмилалӣ барои кашфи истеъдодҳои ҷавон маҳсуб ёфта, барои рушди фарҳанг, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чунин сатҳи баланд нишонаи таваҷҷуҳи хоса ба рушди санъат ва фарҳанги миллӣ буда, иштирокчиён бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату миллат дар ин озмун ҳунарнамоӣ мекунанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст






