Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид

Март 12, 2026 09:56

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд, ки дар он аъзои кумита, аз ҷумла намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳо вобаста ба муаррифии «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», фаъолияти лоиҳаи «Содагардонии савдо дар Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), оғози лоиҳаи «Тақвияти иқтидори долони нақлиётии Транскаспий» ва нақшаи кори ин кумита барои соли 2026 мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат дар самти содагардонии расмиёти савдо корҳои назаррас иҷро шуда, вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 12, 2026 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад