Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад

Март 12, 2026 09:08

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ, танзими бозори телекоммуникатсионӣ, идоракунии спектри радиобасомадҳо, инчунин рушди инфрасохтори почта ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар вохӯрии ҳайати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Мақомоти миллии танзим ва идоракунии соҳаи алоқаи Руминия (ANCOM) Валериу Жгонеа баррасӣ шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ мусоҳибон ба рушди ҳамкории мутақобили судманд ва мубодилаи таҷриба дар самти танзим ва идоракунии соҳаи алоқа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории минбаъда, омодасозӣ ва имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа изҳори омодагӣ карданд. Таъкид шуд, ки имзои ин санад метавонад қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи шарикии дуҷониба гардад.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 12, 2026 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад