Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд

Март 25, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо риояи суннату оини наврӯзӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иттилоъ доданд, дар чорабинӣ намоишгоҳи «Дастархони наврӯзӣ» бо хӯроку хӯришҳои анъанавии миллии тоҷикӣ ташкил карда шуд.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати оқилона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият пайдо намуда, фарҳангу анъана ва арзишҳои волою муқаддаси худро эҳё сохт.

Гузашта аз ин, бо заҳмату сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳамин ғановати бузурги бостонии миллат барои ҷаҳониён муаррифӣ гашта, мақому манзалати миллат дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта шуд. Бахусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 оид ба Ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукӯҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо кард», — таъкид гардид дар чорабинӣ.

Гуфта шуд, ки Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мо буда, аз рӯзгори қадим ибтидо мегирад ва то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашарии худро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Имрӯз бо файзу қудуми Наврӯз Тоҷикистони биҳиштӣ дар фазои тантанаҳои Наврӯзу баҳори нозанин ғарқ аст. Ин файзу нусрат аз он башорат медиҳад, ки баҳори имсола дар соли ҷашнгирии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси  фаровонию баракат мегардад.

Изҳор гардид, ки Наврӯз пайки баҳор, арӯси сол, айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ, замину замон ва кайҳон аст. Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори деҳқон ва  робитаи инсон бо табиат мебошад. Халқ ин ҷашни миллиро дар тӯли қарнҳои тӯлонӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, оини ибратомӯзи онро сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ донистааст.

Ишора карда шуд, ки мақсади асосии таҷлили сатҳи баланд ва ҳадафманди Наврӯзи байналмилалӣ таҷассуми гиромидошти шоистаи муқаддасот, суннату анъана, фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва муосири миллати тоҷик буда, марҳалаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик, оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ, ваҳдату якпорчагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.

Дар идома барномаи рангину пурмуҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари ойинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, шукуҳи ҷашни бостониро афзуд.

АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 25, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид