Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд тавассути автобуси нави бароҳат хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Хатсайри мазкур рафтуомади мусофиронро байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Узбекистон хеле осон намуда, барои сайёҳон шароити мусоид фароҳам меорад. Автобус дорои ҷойи хоб барои мусофирон мебошад.
Аз пойтахти Узбекистон автобус аз терминали «Тошканд» рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа, соати 17:00 ва аз терминали мусофиркашонии Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе, соати 13:00 ҳаракат намуда, вақти сафар аз 15 то 17 соат аст. Давоми хатсайр автобус дар шаҳраки Сариосиёи вилояти Сурхондарёи Узбекистон таваққуф мекунад. Нархи чипта ба як тараф тақрибан 233 сомонӣ (300 000 сӯм)-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки дар оянда бо назардошти талаботи мусофирон ҳаракати иловагии автобусҳо фаъол гардонида шавад.
Қаблан байни Тоҷикистону Узбекистон созишнома дар бораи барқарор намудани ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои калони ду давлат ба имзо расида буд. Зери ин санад намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии нақлиёти автомобилии Узбекистон имзо гузошта буданд.
Тибқи ин санад, аз ҷумла соли 2021 ҳаракати автобусҳо байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Тошканд, инчунин аз Панҷакент ба Самарқанд ва Бухоро ба роҳ монда шуд. Оғози хатсайри байналмилалии «Тошканд-Душанбе» тавассути автобус ба таҳкими ҳамкории ду мамлакати ҳамсоя мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






