«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Тошканд бо иштироки шоирону нависандагон ва аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон таҳти унвони «Дӯстии адабӣ — дӯстии абадӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони наслҳои гуногун доир ба нақши адабиёт дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии байни ду давлат андешаҳои худро баён намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон бо қироати шеър ва табодули афкор осори адабии якдигарро муаррифӣ намуданд.
Иштирокдорон Наврӯзро ҳамчун рамзи ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии пойдор байни халқҳо васф намуда, бар густариши робитаҳои адабӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин чорабинии адабӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Узбекистон доир гардид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон










Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем»
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад»






