Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд

Март 10, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.

Дар ҳамоиш ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Карамалишо Карамалишоев нақши муҳими матбуотро дар рушди ҷомеаи демократӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҳамоиш дар бораи нақши рӯзноманигорон дар инъикоси воқеияти ҷомеа, рушди фазои иттилоотӣ ва таҳкими масъулияти касбии журналистон сухан гуфта шуд. Иброз гардид, ки журналистикаи муосир бояд ба принсипҳои касбият, воқеъбинӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ такя намуда, дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳми арзанда гузорад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи матбуот ва фаъолияти журналистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ месозанд.

Дар ҳамоиш кормандони соҳаи матбуот доир ба рушди фазои иттилоотии ҷумҳурӣ, тарбияи насли нави рӯзноманигорони касбӣ ва нақши расонаҳо дар муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баёни андеша карданд. Гуфта шуд, ки матбуот ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад дар таҳкими суботи сиёсӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми назаррас гузорад.

Ҳамчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати маводи журналистӣ, рушди журналистикаи таҳлилӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Изҳор гардид, ки Академияи идоракунии давлатӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дошта, рӯзноманигорон дар инъикоси фаъолияти илмию таълимӣ ва чорабиниҳои академия саҳми назаррас мегузоранд.

Барои саҳми арзанда дар рушди журналистика ва ҳамкории судманд бо академия ба як зумра рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи матбуот Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 10, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид