Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд

Март 28, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз кӯдакону наврасони  шаҳри Конибодом соҳиби туҳфаи беҳтарин гардиданд. Дар  боғчаи бачагонаи «Кайҳон»  барои онҳо атраксионҳои нав   ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Конибодом вусъат  ёфта, барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷдиду навсозии боғи марказӣ, ки имрӯз ба макони писандидаи истироҳати сокинони шаҳр  табдил ёфтааст, аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошад. Дар доираи марҳилаи дуввум дар ҳудуди боғ наздик ба 10 атраксиони муосир насб гардида, инчунин нуқтаҳои истироҳату фароғат, фурӯши хӯришҳо ва майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Ифтитоҳи марҳилаи дуввуми атраксионҳо имкониятҳои фароғатии марказро боз ҳам васеъ намуда, пеш аз ҳама боиси хушҳолии кӯдакон гардид.

Бояд гуфт, ки дар гузашта ин мавзеъ дар ҳолати номусоид қарор дошт. Ҳоло он  ба як макони зебову замонавӣ табдил ёфта, сокинон метавонанд рӯзона ва шомгоҳон бо аҳли оила ва наздикону пайвандон дар он истироҳат намоянд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 28, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд