Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил гардид, ки то 31 май идома меёбад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, дар намоиш-фурӯш занони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гирандагони гранти президентӣ ва соҳибкорзанон имкон доранд маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба фурӯш гузоранд. Дар ин рӯзҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик харидорӣ намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик соли сеюм аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад.
Ҳамчунин мақсади асосии ин намоиш-фурӯш баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангии тарғиботию ташвиқотӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои либоспӯшии миллӣ, равнақ бахшидани фарҳанги истифода ва ба бар намудани чакан ва дигар либосҳои гулдӯзӣ ва дастбоф, суръати тоза бахшидан ба раванди истеҳсоли матоъҳои гуногуни баландсифати миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, читгарӣ, атласу адрасбофӣ, тоқиву ҷузвдондӯзи ва дигар намудҳои чеварӣ, густариши фаъолияти ҳунармандон, тарроҳону чеварон, сӯзанидӯзону чакандӯзон, қаламкашону наққошон, ҳамзамон фаъолияти корхонаҳои хурди дӯзандагиву истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойи нави кор барои занону духтарон мусоидат менамояд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






