Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷонибҳои Тоҷикистон ва Туркманистон натиҷаҳои гуфтушунидҳоро дар ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ созанда арзёбӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамраисони Комиссия – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригулӣ Атахаллиев изҳор доштанд, ки ҷаласа дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории мутақобили судманд баргузор гардида, тавофуқоти бадастомада барои густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва робитаҳои илмӣ-техникӣ заминаи устувор мегарданд.
Пас аз мувофиқаи ҳама масъалаҳои рӯзнома аз ҷониби ҳамраисони Комиссия Протоколи ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расонида шуд. Ин санад самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаро муайян намуда, ҳамчун қадами муҳим дар рушди муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо хизмат мекунад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи саривақтӣ ва босамари тавофуқоти дар Протокол гуфташуда ба таҳкими робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон










Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






