Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсад аз ифтитоҳи филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ дар он аст, ки донишҷӯёни соҳаи китобдорӣ ва табъу нашр дар рафти дарсҳо ва таҷрибаомӯзиҳо аз технологияи нави соҳавӣ, ки талаби замони муосир аст, бархӯрдор гардида, бо донишу ҷаҳонбинии васеъ дар оянда барои пешрафти соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки тарбияи мутахассисони болаёқат ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сарвари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми январи соли 2020 Вазорати фарҳангро вазифадор намуданд, ки барои тарбияи мутахассисони касбии соҳаи китобдорӣ, ташкили таҷрибаомўзӣ дар кишварҳои хориҷӣ, ташкили курсҳои омўзишӣ ва такмили ихтисос чораҷўӣ намояд.
Ифтитоҳи филиали кафедра низ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар доираи ин дастуру супоришҳо амалӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки «Хонаи китоби Тоҷикистон» ҳамчун маркази библиографияи давлатӣ ва омори матбуот дар ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, яке аз муассисаҳои пешсаф дар фаъолияти китобдорӣ-библиографӣ мебошад. Феълан фаъолияти муассиса ба талаботи замони муосир мутобиқ буда, таҳияи «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Феҳристи китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чопи дастурҳои библиографию методӣ дар он ба роҳ монда шудааст.
АКС: Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






