Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабинии пуршукуҳ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба кумита.
Меҳмонони чорабинӣ дастурхони наврӯзии корхонаю муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро, ки бо ҳафт сину ҳафт шин оро ёфта буданд, тамошо карданд.
Раиси Кумитаи давлатӣ Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон мутобиқи тақвими қадимӣ чанд рӯз инҷониб Соли нави аҷдодии худ – Наврӯзро дар саросари ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд ва баргузории чорабиниҳои идона дар миқёси мамлакат идома доранд. Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашни таърихии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ ҳамасола пуршукуҳ таҷлил мегардад. Фарорасии Наврӯзро мардуми мо ҳамчун эҳёи нуру зиё ва файзу баракат бесаброна интизорӣ мекашанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намудаанд, ки «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем.
«Ин аст, ки дар оғози моҳи март мо дар минтақаи Ховарони шаҳри Душанбе дар 7 гектар боғ бунёд намудем ва ин раванд минбаъд низ идома меёбад. Моро мебояд анъанаҳоеро, ки ниёгонамон вобаста ба фарорасии баҳор ва оғози мавсими киштукор эҷод намуда буданд, сарбаландона идома дода, ба кори ҳаррӯза табдил диҳем»,-гуфт Ориф Хоҷазода.
Наврӯзи имсола, ки дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад, бо қадами муборакаш ба ҳамаи мо дар роҳи созандаву бунёдкорӣ ва марҳилаи ободонии ҷумҳурии соҳибистиқлол ва миллати сарбаланди Тоҷикистон муждаи тоза меорад.
Дар тантанаҳои наврӯзӣ бозиҳои мухталифи миллӣ баргузор гардиданд. Ҳамчунин ғолибони озмунҳои беҳтарин дастурхони наврӯзӣ, хӯроки беҳтарини миллӣ, озмунҳои арғамчинкашиву ланкабозӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон














Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






