Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимои аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Асосҳои институтсионалии ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз мафҳумҳои калидии илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар шароити рушди иҷтимоиву фарҳангии имрӯза аҳамияти боз ҳам бештар касб кардааст.
Ҳамчунин иброз гардид, ки масъалаҳои ҳувияти миллӣ, ваҳдати ҷамъиятӣ ва худшиносии мардум ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат қарор доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон ва таҳкими худшиносиву ваҳдати миллиро аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати худ қарор доданд.
Дар ҷараёни конференсия доир ба масълаҳои фалсафии ташаккули ҳувияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои назариявии таҳқиқи ҳувияти иҷтимоии аҳолии синни калонсол дар шароити тағйироти ноустувори геополитикӣ, нақши оила дар тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки таҳқиқ ва омӯзиши масъалаҳои ҳувияти иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти махсус дошта, нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ, оила, маориф, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ ва худшиносии миллӣ хеле муҳим мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид






