Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд

Март 20, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 март бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ “Ховар”.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки бо Қатъномаи қабулнамудаи СММ зиёда аз даҳ сол аст ин ҷашни бостонии ниёгон ҳамчун иди байналмилалӣ 21 март бо шукуҳу шаҳомати хосса дар қаламрави бузурги кишварҳои ҳавзаи Наврӯз таҷлил мегардад.

«Хушбахтона бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббусу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ шуд. Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат наврӯзгоҳҳо сохта шудаанд ва мардум ҷашни аҷдодиро бо шаъну шукуҳи хосса таҷлил менамочнд. Дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз садҳо нафар меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон меоянд ва онро бо мардуми тоҷик ҷашн мегиранд», — афзуд  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.

Инчунин сафири Тоҷикистон дар Русия таъкид намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Иброз гардид, ки  Маркази байналмилалии Наврӯз инчунин метавонад ба рушди илми фарҳангшиносии муқоисавӣ мусоидат намояд. Наврӯз имрӯз дар бисту ду давлат ҷашн гирифта мешавад ва ҳар миллат унсурҳои хоси худро ба он ворид кардааст. Омӯзиши ин гуногуншаклӣ аз нигоҳи илмӣ имкон медиҳад, ки равандҳои ҳамгироии фарҳангӣ ва мутобиқшавии анъанаҳо дар муҳитҳои гуногун таҳлил карда шаванд. Ин раванд барои фаҳмиши қонунияти рушди фарҳангҳои суннатӣ дар шароити ҷаҳони муосир хеле муҳим аст.

Дар чорабинӣ сӯзаниҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон ва дигар намунаи маҳсулоти тарғибкунандаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, ба таваҷҷуҳи иштирокчиён наворҳои муаррифкунандаи Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Намоишҳои мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳанги тоҷикон” ташкил карда шуд.

Дар доираи чорабинӣ ба меҳмонон барномаи ҷолиб ва рангини консертӣ, инчунин барномаи фарҳангии театрӣ оид ба пайдоиши Наврӯзи оламафрӯз пешкаш гардид. Ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик ба ҳозирин фазои зебогӣ ва пурнишоти Наврӯзӣ фароҳам овард.

Ҳамзамон меҳмонон бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз, аз ҷумла бо яке аз рамзҳои Наврӯз — “Ҳафт син ва Ҳафт шин” шинос гардиданд.

Бояд гуфт, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар иҷлоси 64-ум аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Он аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз тартиб дода мешавад, дохил карда шуда, ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Тавре изҳор гардид, аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ки ҳанӯз ҷашни Наврӯз дар аҳди Куруши Кабир ва Дорои I дар толорҳои пурҳашамати тахти Ҷамшед, аз ҷумла қасри барҳавои Садсутун, бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ зиёда аз як ҳафта баргузор шуда, аҳли санъат ба он шукуҳи хосса мебахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳанбунёди суннатии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар баргузории ин ҷашни куҳан байни дӯстдорони варзиш мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, бандкашӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, футболбозӣ, шашкабозӣ, шоҳмотбозӣ баргузор карда мешаванд. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро давоми садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва боиси сарбаландии маънавияш медонад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат дар ҳар хонадони мамлакат  шодиву фараҳ танинандоз мегардад.

 

АКС: АМИТ “Ховар”

Март 20, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид