Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
ДАНҒАРА, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар деҳаи Паркамчии ноҳия бо иштироки доираи васеи ҷавонону наврасон фестивали бозиҳои миллӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ эҳё ва рушди бозиҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги волои ниёгон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ байни насли наврас арзёбӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.
Дар оғози фестивал муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода иброз дошт, ки “бозиҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик дар тарбияи ҷисмониву маънавии ҷавонон нақши муассир дошта, барои тақвияти дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд”.
Дар чорабинӣ хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 фаъолона иштирок намуданд. Онҳо бо намоиши бозиҳои гуногуни миллӣ, аз қабили бозиҳои зеҳнӣ, варзишӣ ва суннатӣ, маҳорати худро пешкаши меҳмонон гардониданд. Иштирокчиён бо либосҳои миллӣ ҳусни чорабиниро дучанд намуда, фазои идона ба вуҷуд оварданд.
Фестивал дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рақобати солим доир шуда, дар байни хонандагон нисбат ба варзиш ва анъанаҳои миллӣ шавқу завқи бештар ба вуҷуд овард. Чунин иқдом барои дарёфти истеъдодҳои нав, ҷалби наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Фестивали бозиҳои миллӣ бори дигар собит намуд, ки ҷавонони ноҳияи Данғара ворисони арзандаи суннатҳои неки ниёгон буда, барои пос доштани фарҳанги миллӣ ва рушди он омода ва масъул мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






