Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан (CSW-70), ки имрӯзҳо дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҷараён дорад, вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, муовини директори иҷроияи ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид — занон (UN Women) Кирси Мади баргузор шуд.
Тавре аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистонро бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид-занон дар самтҳои тавсеаи имкониятҳои занон, пешбурди баробарии гендерӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ намуданд.
Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ба дастгирии барномаҳои миллӣ дар соҳаҳои рушди соҳибкории занон, таҳкими ниҳоди оила ва баланд бардоштани дастрасии занон ба имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан аз 9 то 19 март идома меёбад.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»






