Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд

Март 5, 2026 14:19

ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар мавзуъҳои «Коррупсия- яке аз омилҳои таҳдидкунандаи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди ҷомеа» ва «Мазмун ва моҳияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»»  машварати таълимӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилооти Палатаи ҳисоб хабар доданд.

Дар машварат омилҳои таҳдидкунандаи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии зиддикоррупсионӣ мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода шуда, барои пешгирию бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда санадҳои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ ёдоварӣ гардиданд.

Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мазмун ва моҳияти «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва нақшаи амали он, ки барои солҳои 2026 — 2030 пешбинӣ шудааст, ибрози назар намуд. Инчунин дар ин самт навгониҳои нақшаи тасдиқшаванда, муқоисаи бандҳо ва субъектҳои иҷрокунандаи он, муҳлат ва тартиби иҷро, андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва дигар омилҳои бавуҷудоварандаи сабабу шароити коррупсия шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Даъват  шуд, ки барои паст намудани ин зуҳуроти номатлуб тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднок андешида шуда, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор сари вақт ва бо сифати баланд таъмин гардад.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2026 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд