Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия ҷамъияти тоҷикон дар якҷоягӣ бо ҷавонон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Пенза Наврӯзи байналмилалиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, чорабинӣ бо иштироки намояндагони миллату халқиятҳои гуногун, омӯзгорону донишҷӯён дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи махсуси либосҳои миллии тоҷикӣ, ки рамзи зебоӣ ва ҳунари қадимии халқи тоҷик ба шумор меравад, пешкаши тамошобинон гардид. Ҳамзамон гӯшаи хӯрокҳои миллӣ бо пешниҳоди таомҳои суннатӣ, аз қабили суманак, оши палав ва шириниҳои миллӣ таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Инчунин намоишгоҳи китобҳо ташкил карда шуд, ки дар он осори адибони барҷастаи тоҷик ва адабиёти муосир муаррифӣ гардид. Иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо таъриху фарҳанги ғании тоҷикон аз наздик шинос шаванд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар хориҷи мамлакат барои муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ, таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносии миллӣ байни ҷавонон аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон ин гуна ҷашнҳо заминаи мусоид барои таҳкими муносибатҳои дӯстона байни донишҷӯёни миллатҳои гуногун фароҳам меоранд.
Қисмати асосии чорабинӣ дар толори калони донишгоҳ баргузор гардида, бо барномаи рангини фарҳангӣ идома ёфт. Донишҷӯёни тоҷик бо иҷрои рақсу сурудҳои миллӣ ҳунару истеъдодашонро ба намоиш гузоштанд. Ин ҳамгироӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон арзишҳои умумибашарии Наврӯз — дӯстӣ, сулҳ ва ҳамдилиро бозгӯйӣ мекард.
Наврӯз, ки ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози соли нави аҷдодӣ эътироф шудааст, имрӯз ба пули мустаҳками дӯстиву ҳамбастагӣ байни халқҳо табдил ёфтааст. Таҷлили бошукуҳи он дар шаҳри Пенза бори дигар собит сохт, ки фарҳанги тоҷикон дорои ҷойгоҳи арзанда дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад ва метавонад арзишҳои инсондӯстӣ ва сулҳпарвариро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил намуданд
Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд






